Дастовардҳои бузурги сиёсати созанда

Сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти сарварии Аосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маорифпарварона, фарҳангсоз ва миллатсоз мебошад. Таҳти роҳбарии абармарди сиёсати ҷаҳонӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  имрӯз Тоҷикистон ба дастовардҳои бузургу нодир мушарраф гардидааст. Бузургтарин дастоварди кишвари маҳбубамон ин  сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдати комил ба шумор меравад, ки маҳз  сулҳу субот барои  ноил гардидан ба дигар  музаффариятҳо заминаи ќавӣ гузошт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи пойдориву бардавомии давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ, кафили рушди босубот ва устувори ҷомеаи Тоҷикистон мебошад.

Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойдории сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ ҳамчун бунёдгузори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, бо мақсади тақвияти асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзӣ, якпорчагии Ватан, суботу пойдории давлати Тоҷикистон, таҳкими демократия, таъмини рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ҳифзи арзишҳои таърихии давлатдории миллӣ, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон, шинохта мешава Бузургтарин сиёсатмадорону шахсиятҳои шинохтаи ҷаҳонӣ ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  баҳои бузург додаанд. Ваҳдатофариву давлатсозии халқи тоҷикро Президенти Русия Владимир Путин чунин баҳогузорӣ кардааст: «Эмомалӣ Раҳмон яке аз симоҳои барҷаста буда, дар давраи сиёсат байни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавқеи намоёнро ишғол менамояд.

Тамоми ҷидду ҷаҳди ӯ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ тавре пойдор аст, ки назираш дар ҳеҷ мамлакате, ки ҷанги гражданиро аз сар гузаронида бошад, дида намешавад». Намояндагони дигар давлатҳои абарќудрати муосир ба мисли Ҷумҳурии мардумии Хитой, роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, сарварон ва сиёсатмадорони Аврупо  ва умуман ҷомеаи ҷаҳонии муосир  ба сиёсати имрўзаи кишвари маҳбубмаон таҳти сарварии Пешвои миллат  баҳои бузург додаанд. Дар ҳаќиќат мо имрўз шоҳиди он ҳастем, ки ваќте дар ҷаҳони муосир мушкилоти зиёд ба назар мерасанд, ваќте ки муааммоҳои иќтисодиву иҷтимоӣ ва вазъи мушкили эпидемиологӣ ҷаҳонро фаро гирифтааст Тоҷикистон ватани азизи мо ҷабҳаҳои созандагиро беш аз пеш вусъат бахшидааст. Ҷанбаҳои созандагиву бунёдкорӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат мунтазам  амали гардида истодаанд. Ҳадафҳои стратегии кишвар заминаҳои нави рушди  соҳахои мамлакатро  вусъат бахшида истодаанд.   Дар ин ҷода ҳамаи мо шаҳрвандони кишварро зарур аст  аз пештара дида бештар кору фаъолияти самарабахшро барои расидан ба ќуллаҳои нави рушд меҳнат кунем.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳои худ аз ҷумла гуфта буданд, ки «Ҳар як фарди ҷомеа бояд дарк намояд, ки истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ сутунҳои заррине мебошанд, ки давлат ва миллати моро пойдору устувор нигоҳ медоранд ва вазифаи муқаддаси ҳамаи мо аз он иборат аст, ки бо заҳмати созанда ин пояҳои давлатдории миллиамонро боз ҳам таҳким бахшем. Дар марҳалаи навини имрӯза мо бояд беш аз ҳарвақта бо дасту дили поку нияти нек ва бо рӯҳияи баланди созандагӣ ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон фаъолият намоем ва заҳмат кашем». Ин ҳама нақш ва корномаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойдории сулҳу субот ва ваҳдати милли  бо ҳарфҳои заррин дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлоламон барои наслҳои оянда навишта хоҳад шуд.

 

Алимов Б.Ҳ.-устоди ДДҲБСТ

You might also like