Илм – фурӯги маърифат

Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалисозии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон моҳи апрели соли 2022 даври донишгоҳии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯги маърифат»    ташкил ва баргузор мегардад.

Озмун аз рӯйи панҷ номинатсия гузаронида мешавад:

– математика (арифметика, алгебра, геометрия);

– физика ва астрономия;

– география;

– технологияи иттилоотӣ;

– ихтироъкорӣ ва навоварӣ.

Озмуни мазкур сараввал аз санаи 09.03.2022 то 19.03.2022 дар гурӯҳҳои академии донишгоҳ,  аз санаи 28.03.2022 то 01.04.2022 марҳилаи факултетӣ ва баъдан аз санаи 13.04.2022 то 15.04.2022 даври донишгоҳии озмун тибқи талаботи Низомнома  баргузор мегардад.

Ҳамаи донишҷўён, магистрантон ва докторантони донишгоҳро барои иштирок дар озмуни мазкур даъват менамоем.

Тел: (92) 799 06 00

You might also like