Таъмини волоияти қонун – самти асоси фаъолияти мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон

11 марти соли 2021 бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносӣ дар маҷлисгоҳи бинои таълимии №2-и Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Таъмини волоияти қонун – самти асоси фаъолияти мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахшида ба таҷлили Рӯзи Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Қисми аввали конференсияро суханронии меҳмонон ва собиқадорони мақомоти прокуратура, баромади маърӯзачиён ва викторинаи илмӣ-назариявии донишҷўён ташкил намуда, дар қисми дуюм конференсияи илмию амалӣ олимони соҳа, докторантон, унвонҷӯён, магистрантон ва донишҷӯён бо маърӯзаҳои худ баромад намуданд.

Дар кори конфренсия муовини ректор оид ба илм ва инноватсия  Тӯрақул Ризоқулов, собиқадорони мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, устодони факултет ва донишҷӯёни тахассусмандии «Фаъолияти судӣ ва назорати прокурорӣ» иштирок доштанд.

Нахуст Тӯрақул Ризоқулов ба сухан баромада, иштирокдорони чорабинии мазкурро бо рўзи Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик кард.

Ҳамчунин дар доираи чорабинӣ собиқадорони мақомоти Прокуратура, муаллими калони кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ Ҷиянов Ҷ. ба сухан баромада иштирокдоронро бо ин рўз муборакбод намуд.

Сипас, байни донишҷӯёни тахассусманди «Фаъолияти судӣ ва назорати прокурорӣ», викторинаи илмию назариявӣ баргузор гардид.

Доварони озмун баромади дастаҳоро дар самти муаррифии даста, саволу ҷавоб, шеърхонӣ холгузорӣ намуда, ғолиби викторина дастаи «Қонуният» эълон карда шуд.

Дар охир иштирокдорони қисми тантанавии конференсия бо ифтихорномаҳо, собиқадорони мақомоти прокуратура дар навбати худ бо тӯҳфаҳои хотиравии раёсати донишгоҳ қадрдонӣ карда шуданд.

Нимаи дуюми рӯз қисми дуюми  конференсияи илмию амалӣ дар мавзӯи «Таъмини волоияти қонун – самти асоси фаъолияти мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахшида ба таҷлили Рӯзи Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. Дар он олимони соҳа, устодони кафедра, докторантон, унвонҷӯён, магистрантон ва донишҷӯёни факултет бо маърўзаҳои худ доир ба масъалаҳои мухталифи фаъолияти мақомоти прокуратура маърӯза карданд. Тасмим гирифта шуд, ки дар натиҷаи кори конференсия маҷмӯаи мақолаҳо аз фишурдаи маърўзаҳои пешниҳодшуда чоп карда шуда ба иштирокдорон пешкаш мегардад.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like