Муъмин Шарифзода: Ҳадафи ДДҲБСТ шомил гардидан ба рейтинги донишгоҳҳои ҷаҳонӣ мебошад.

16 июли соли 2021 нишасти матбуотии ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, профессор Муъмин Шарифзода бо намояндагони васоити ахбори омма оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти донишгоҳ давоми нимсолаи аввали соли 2021 доир гардид.

Роҳбари донишгоҳ ба таври мухтасар аз дастовардҳои донишгоҳ дар давраи ҳисоботӣ маълумот дода, афзуд, ки натиҷаҳои ҷамъбасти нимсолаи аввали соли равон, дастоварду комёбиҳо, ки дар иртибот ба иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати соҳаи маориф, таваҷҷўҳу дастгирии ҳамешагии Вазорати маориф ва илми кишвар, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ноил гардидем дар таърихи донишгоҳ сабт мегардад. Натиҷаҳои ҷамъбасти давраи ҳисоботӣ ва омодагии ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баёнгари марҳилаи нави рушд барои донишгоҳ маҳсуб меёбад.

ДДҲБСТ дар асоси Иҷозатнома аз рўи ихтисосҳои амалкунанда ва Шаҳодатномаи аккредитатсияи давлатӣ фаъолият дошта, дар қатори даҳгонаи беҳтарин муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат пазируфта шудааст. Маврид ба ёдоварист, ки донишгоҳ инчунин дорои шаҳодатномаи аккредитатсияи байналмилалӣ мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ дар донишгоҳ бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2020 -2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” конференсияи ҷумҳуриявии илмию методӣ дар мавзўи «Усулҳои инноватсионии таълим: ҳолати муосир ва дурнамои такомул», баргузор гардид.

Боиси ифтихор аст, ки дар ин давра донишҷӯи соли сеюми факултети бизнес ва идоракунии донишгоҳ Аслия Абдуллоева дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Донишҷӯи сол” ба гирифтани мақоми дуюм шарафёб шуд. Донишҷӯи соли дуюми факултети ҳуқуқшиноси Рустам Қориев бошад дар равияи фанҳои гуманитарӣ озмуни вилоятии “Донишҷӯи сол” сазовори ҷойи аввал гардид.

Ҳамчунин дар ин давра муҳассилини донишгоҳ дар як қатор олимпиадаҳои байналмилаливу ҷумҳуриявии фаннӣ иштирок намуда, ба ишғоли ҷойҳои намунавӣ мушарраф гардиданд.

Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи илму технология ва принсипҳои сиёсати инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишгоҳ буд, ки дар нимсолаи аввали 2021 дар донишгоҳ 7 ихтирооту навовариҳои олимон ва донишҷўён аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда, соҳиби шаҳодатнома гардиданд.

Дар донишгоҳ дар давраи ҳисоботӣ 1 конференсияи байналмилалӣ, 2 ҷумҳуриявӣ, 2 конференсияи вилоятӣ ва 1 конференсияи умумидонишгоҳӣ ташкил ва гузаронида шуданд. Аввалин маротиба маҷмӯи мақолаҳои донишҷӯён ба нашр расида, ройгон тақдим карда шуд.

Дар баробари харидорӣ ва насбу васли таҷҳизоту техникаҳои муосири раванди таълим дар донишгоҳ ба харидорӣ ва чопи китобу дастурҳои таълимӣ диққати зарурӣ дода шудааст. Маврид ба зикр аст, ки махзани китобхонаи илмии донишгоҳ 5877 номгўйи адабиёти таълимӣ–тахассусӣ, методӣ, илмӣ, бадеӣ ва маълумотдиҳанда (сиёсӣ, энсиклопедияҳо, луғатҳо, раҳнамоҳо)-ро бо теъдоди 47177 ададро ташкил медиҳад. Махзани китобхона мунтазам пур гардида истода, давоми моҳҳои январ–июни соли ҷорӣ аз рўйи 94 номгӯй 7340 адад адабиёти таълимии тахассусӣ, илмӣ, бадеӣ ва маълумотдиҳанда харидорӣ карда шуд. Харидории китобҳои тахассусиву таълимӣ ва илмиву бадеӣ дар донишгоҳ идома дорад.

Дар ин давра бо мақсади таъмини иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 феврали 2021, таҳти № 42 даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман!» ташкил ва баргузор карда шуда, дар умум дар озмуни мазкур зиёда аз 100 нафар донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд. Аз рӯйи се наминатсия 11 нафар ғолибон бо диплом ва маблағҳои пулии раёсати донишгоҳ қадршиносӣ карда шуда, ҷиҳати иштирок дар давраҳои минбаъдаи озмун пешниҳод карда шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ ба донишҷӯёни донишгоҳ мушарраф гардид, ки 24 нафар Гирандагони стипендияи Раиси вилоят, 1 нафар Гирандаи стипендияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 4 нафар Гирандагони стипендияи Раиси шаҳри Хуҷанд ва 61 нафар Гирандагони стипендияи Раёсати донишгоҳ гарданд. Маврид ба зикр аст, ки дар ин давра шумораи стипендияи Раёсати донишгоҳ ба 37 адад зиёд карда шуда, аз 24 адад ба 61 адад расонида шуд.

Натиҷаи чунин дастгирӣ ва таваҷҷӯҳ ба донишҷӯён буд, ки муҳассилини мо дар ин давра тавонистанд дар як қатор озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятиву шаҳрӣ сазовори ҷоиза ва ҷойҳои ифтихорӣ гарданд. Аз ҷумла 25 нафар донишҷӯёни донишгоҳ давоми шаш моҳи соли равон дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ба гирифтани 15 ҷойи якум, 5 ҷойи дуюм ва 5 ҷойи сеюм гардиданд.

Ҳамзамон дар ин давра 13 нафар донишҷӯёни донишгоҳ дар озмунҳои ҷумҳурияӣ ва вилоятӣ аз қабилӣ «Таҳияи бизнес – нақшаҳои соҳибкорӣ», «Ровигӣ», «Атласу адраси тоҷик», «Ҳунарҳои мардумӣ муаррифгари фарҳанги миллӣ», «Чакомаи гесу», «Ороиши мӯй», «Ҷилваи рангҳо», «Таронаи донишҷў», «Андалеб» ва «Дастони моҳир» ба гирифтани 7 ҷойи якум, 3 ҷойи дуюм ва 3 ҷойи сеюм мушарраф гардиданд.

Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон ва маҳкум намудани падидаҳои номатлуб дар донишгоҳ конференсияи онлайнии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Ҷавонон – муқобили терроризм ва экстремизм” баргузор карда шуд, ки дар он намояндагони аксар донишгоҳу донишкадаҳои мамлакат тариқи онлайн ширкат варзиданд.

Дар иртибот ба дастуру роҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат дар самти давтгирии ятимон ва шахсони эҳтиёҷманд раёсати донишгоҳ ҷиҳати ба ғамхории доимӣ фаро гирифтани донишҷўёни комилан ятим тадбирҳои амалӣ меандешад. Аз ҷумла, дар шаш моҳи соли 2021 20 нафар донишҷўёни ятим, ки дар донишгоҳ таҳсил менамоянд аз пардохти маблағи таҳсил пурра озод карда шуд, ба онҳо дар арафаи ҷашнҳои гуногун ба маблағӣ 8400 сомонӣ кӯмаки яквақтаина дода шуда, онҳо бо хӯрок ва хобгоҳ таъмин гардидаанд.

Рушду тақвият бахшидани робитаҳои байналмилалӣ ба зиёд шудани теъдоди шартномаҳои ҳамкорӣ мусоидат намуда, имрўз байни донишгоҳ ва 70 муассисаи илмию таълимӣ шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расидаанд.

Дар нимсолаи аввали соли 2021 шартномаҳои ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии Сургут, Донишгоҳи давлатии Мордовия, Донишгоҳи давлатии забоншиносии Нижний Новгород ва Донишгоҳи техникии нафти Уфа шартнома ба имзо расид.

Ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, профессор Муъмин Шарифзода зимни баргузории нишасти матбуотӣ иброз намуд, ки ҳадафи донишгоҳ пас аз бори нахуст дар мамлакат соҳиби шаҳодатномаи аккредитатсияи байналмилалӣ гардидан раёсати донишгоҳ иқдом гирифтааст, ки дар фурсатҳои кӯтоҳ ба рейтинги донишгоҳҳои ҷаҳонӣ шомил гардад. Ҳадаф аз ин иқдом муаррифии илму маорифи кишвар дар арсаи байналмилал ва ба фазои ҷаҳонии таҳсилот қадамҳои устувор гузоштан мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 19.12.2017, №968 дар донишгоҳ корҳои ободониву созандагӣ бомаром идома доранд. Рафти корҳои сохтмонӣ дар биноҳои нотамоми таълимӣ, ошхона ва маҷлисгоҳ барои 800 нафар, кабудизор шудани атрофи биноҳои таълимии донишгоҳ ва майдонҳо, шинонидани дарахтҳои мевадиҳандаю ҳамешасабз ва гулҳои ороишӣ далели омодагии аҳли донишгоҳ ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбанд.

Имрӯзҳо корҳои бунёдкорӣ дар бинои сохмонаш нотамоми таълимӣ бо тарҳи замонавӣ ҷараён дорад. Бино аз ду ошёна иборат буда, синфхонаҳо, долону маҷлисгоҳ ва лабараторияҳои он таъмир гардида, 90 дар сади корҳо ба анҷом расидааст. Ҳамзамон дар канори бинои навбунёди таълимӣ бунёди маҷлисгоҳи барҳаво идома дошта, сохтмончиён дар ду баст корҳои сохтмониро анҷом дода истодаанд. Дар донишгоҳ бинои дигари дуошёнаи факултети муштараки ДДҲБСТ ва Донишкадаи молияи шаҳри Тошканд пурра таъмиру азнавсозӣ гардида, бо шаклу тарҳ ва намуди замонавӣ бунёд гардида, бо таҷҳизоту техникаи муосири раванди таҳсил муҷаҳҳаз шудааст. Умуман дар бинои мазкур 16 синфхона аз таъмири куллӣ бароварда шуда, барои баргузории машғулиятҳои таълимии мусоид гардонида шуд. Бино пурра ба системаи ягонаи интернетии донишгоҳ пайваст буда, он имконият медиҳад, ки раванди таълим ба таври онлайн низ ба роҳ монда шавад. Синфхонаҳои бинои таълимӣ мутобиқ ба талабот оид ба пешгирии бемории сироятии COVID-19 мавриди истифодабарӣ қарор дода шудааст. Ҳамаи синфхонаҳо бо таҷҳизоти замонавӣ аз он ҷумла бо тахтаи электронӣ, проекторҳо ва тахтаи тавассути маркерҳои навишташаванда таҷҳизонида шудаанд.

Ҳамзамон дар ин давра дар гирду атрофи донишгоҳ зиёда аз 10 ҳазор адад гули мавсимӣ ва 1000 дона дарахтони мевадиҳанда ва ороишӣ шинонида шуд.

Кормандону устодони донишгоҳ дар корҳои сохтмонии биноҳои таълимии иловагиву маҷлисгоҳ ба ҳашар баромада, саҳмашонро дар ободонии донишгоҳ мегузоранд.

Пас аз ҳисоботи ректори донишгоҳ, рӯзноманигорон перомуни ҳамкориҳои донишгоҳ бо муассисаҳои касбии олии хориҷи мамлакат махсусан Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дастовардҳои донишгоҳ дар замони Истиқлол, саҳми донишгоҳ дар омода намудани муттахассисони варзида, бо ҷойи корӣ таъмин гардидани хатмкунандагон ва ғайраҳо саволҳо пешниҳод намуда, посухҳои мушаххас гирифтанд.

Дар интиҳо ректори донишгоҳ, Муъмин Шарифзода барои иштирок дар нишасти матбуотӣ ба намояндагони ВАО изҳори сипос намуда, онҳоро барои ҳамкории минбаъда даъват намуд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like