Хатмкунандагон дар Исфара: Интихоби мо ДДҲБСТ

01 марти соли 2023 дар шаҳри Исфара мулоқоти роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят бо хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри мазкур баргузор гардид. Дар баробари роҳбарони дигар донишгоҳу донишкадаҳои вилоят роҳбарият ва намояндагони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон иштирок намуда, ДДҲБСТ -ро ба хатмкунандагон муаррифӣ карданд. Котиби масъули комиссияи қабули донишгоҳ Соҳибназар Ашӯров ба хатмкунандагон перомуни ихтисосҳо, кафедраву факултетҳои донишгоҳ, шароиту имкониятҳои ин муассисаи бонуфузи таълимӣ, ки бори аввал дар мамлакат ба гирифтани шаҳодатномаи аккредитатсияи байналмиллалӣ шарафёб гардида, ба даҳгонаи беҳтарин муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил шудааст, маълумот дод. Илова шуд, ки Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон аз ҳафт факултет ва бисту нӯҳ кафедра иборат буда, устодони соҳибихтисос аз рӯи чилу се ихтисос ба муҳассилин таълим медиҳанд. Донишгоҳ дорои хобгоҳ, китобхонаи илмиву электронӣ ва маҷмааи замонавии варзишӣ буда, донишҷӯён метавонанд дар синфхонаҳои барҳаво, марказҳои омӯзишиву таълимии дорои технологияҳои инноватсионии раванди таълим, таҳсил намоянд.
Барои донишҷӯёни аълохон раёсати донишгоҳ Стипендияи раёсати донишгоҳро муқаррар кардааст.
Хатмкунандагони мактабҳои шаҳри Исфара пас аз гирифтани маълумоти зарурӣ саволҳо пешниҳод намуда, посух гирифтанд.Чанде аз хатмкунандагон дар мулоқот иброз доштанд, ки мехоҳанд таҳсилашонро дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон идома диҳанд.
Ҳамзамон, дар ин рӯз ба хатмкунандагон маводи тарғиботӣ дастрас карда шуд.

You might also like