Вохўрии судманд

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи донишҳои ҳуқуқӣ оид ба санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар самти мубориза бо коррупсия ва фароҳам овардани фазои оштинопазир бо зуҳуроти коррупсионӣ, дар донишгоҳ мунтазам вохўрии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо утодону донишҷўён ташкил ва баргузор карда мешавад. Чунончи, бо ташаббуси садорати факултети ҳуқуқшиносии донишгоҳ санаи 23 ноябри соли 2018 дар толори маҷлисгоҳи бинои таълимии №2 бо иштироки зиёда аз сад  нафар омўзгорону донишҷўён вохўрии сардори шуъбаи пешгирии коррупсияи раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, подполковники адлия Зарифӣ Д.Н. ташкил ва баргузор карда шуд.

Вохўрӣ дар фазои кушоду озод сурат гирифта, дар доираи он масъалаҳои муҳимтарини пешгирии зуҳуроти коррупсионӣ дар ҷамъият, аз ҷумла дар соҳаи маориф мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Дар ҷамъбасти вохўрӣ декани факултети ҳуқуқшиносӣ, дотсент Тоҷибоев Ш.А. иброз дошт ки чорабинии имрўза оѓози маҷмўи чорабиниҳо дар самти татбиқ намудани сиёсати давлатӣ оид ба муқовимат ба коррупсия ҳисоб ёфта, садорати факултет ва устодону донишҷўён барои пешгирӣ намудани ин зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ саҳми арзанда мегузоранд.    

 Котиби комиссияи ҷамъиятии муқовимат ба

коррупсия дар донишгоҳ Ш. Зокиров

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
http://www.tsulbp.tj/ru/donishgoh/mu-ovimat-ba-korrupsiya/guzorish-az-chorabini-o/2319-vokh-rii-sudmand.html#sigProGalleria80866e4c52
joomlamodniyportal.ru

http://www.zoofirma.ru/