Хобгоҳ

http://www.zoofirma.ru/

Сармураббия

Рўзиева Саминисо Рустамқуловна

Хобгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон соли 2008 ташкил карда шуда, дар суроғаи шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 20, кўчаи Репина 60 воқеъ аст.

Хобгоҳ барои 300 нафар ҷой пешбинӣ гардида, дар он донишҷўёни хориҷӣ ва шаҳру ноҳияҳои дурдасти кишвар истиқомат мекунанд.

Барои таъмини осоишу фароғати бошандагон бо ташкили китобхона, утоқи компютерии пайваст ба интернет, хонаи тафреҳ, ҳуҷраи дўзандагӣ, майдончаи варзишӣ имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шуда, маҳфилҳои дўзандагии «Дастони моҳир», «Атлас ва адрасбофӣ» амал мекунанд.

Маъмурияти хобгоҳ баробари фароҳам овардани шароитҳои мусоиди зист ба тарбияи ахлоқӣ, маънавӣ, маърифатӣ, варзишии бошандагон эътибор зоҳир менамоянд. Ба ифтихори санаҳои таърихӣ, ҷашнвораҳо дар хобгоҳ мунтазам чорабиниҳои рангин, сўҳбату мулоқотҳо, озмуну мусобиқаҳо доир карда мешаванд.  

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
http://www.tsulbp.tj/ru/dovtalab/2014-02-24-06-28-03.html?tmpl=component&print=1&page=#sigProGalleriaa9f330a3a0
joomlamodniyportal.ru