ЭЪЛОН

http://www.zoofirma.ru/

БАРНОМАИ

БАРГУЗОРИИ «РЎЗИ ДАРҲОИ КУШОД» ВА ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ХАТМКУНАНДАГОНИ БОЛАЁҚАТ» ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ҲУҚУҚ, БИЗНЕС ВА СИЁСАТИ ТОҶИКИСТОН

1. Соати 800-830 - бақайдигирии иштирокчиёни чорабинӣ дар даромадгоҳи бинои таълимии №2.

2. Соати 830 -900 – ифтитоҳи расмии чорабинии «Рўзи дарҳои кушод» ва озмуни ҷумҳуриявии «Хатмкунандагони болаёқат» дар саҳни даромадгоҳи бинои таълимии №2.

3. Соати 900-940 - шиносоӣ бо шароити таҳсил дар донишгоҳ, биноҳои таълимӣ, осорхона, лабораторияҳо, синфхонаҳои компютерӣ, озмоишгоҳҳои инноватсионӣ, кабинетҳои таълимӣ-методӣ, маркази тестӣ, китобхонаҳои илмиву электронӣ, парки технологӣ, толори варзишӣ, хобгоҳ ва дастовардҳои факултетҳои донишгоҳ, ки ба маърази тамошо гузошта мешаванд.

4.    Соати 950-1045 - иштирок дар машғулиятҳои устодон.

5. Соати 1100-1230 - баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Хатмкунандагони болаёқат» дар маркази тестии донишгоҳ. Хатмкунандагони шаҳру ноҳияҳои дурдаст метавонанд дар озмуни мазкур тариқи интернет (онлайн-тест) бо воридшавӣ ба сомонаи www.skart.tsulbp.tj иштирок намоянд.

6. Соати 1300-1400 - мулоқот бо ректори донишгоҳ, маросими қадршиносии ғолибони озмун ва барномаи фарҳангӣ бо иштироки ансамбли «Ошёни меҳр»-и донишгоҳ. 

Марҳамат ба «Рўзи дарҳои кушод» ва озмуни ҷумҳуриявии «Хатмкунандагони болаёқат» дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон!

        Суроғаи мо: вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 17, хонаи 1. Телефон барои тамос: (83422) 2-51-70, (83422)2-25-63, сомонаи донишгоҳ: www.tsulbp.tj

Скачать