Э Ъ Л О Н

http://www.zoofirma.ru/

Кафедраи системаҳои ахборотӣ-ҳисоббарории Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки санаи 19 апрели соли 2018 баргузорнамоии Конференсияи илмӣ-методии ҳайати профессорону омўзгорон ва магистрантону донишҷўёни донишгоҳро таҳти унвони «Системаҳои иттилоотӣ: муаммоҳо ва дурнамои рушд»  ба нақша гирифтааст.

Барои иштирок дар конференсия мақолаҳои илмии олимону муҳаққиқони ҷавон аз рӯи талаботи зерин қабул карда мешаванд: ҳаҷм то 5 – 6 саҳифаи  А-4, фосилаи байни сатрҳо - 1,5. Ҳошия: аз чап 30 мм, аз боло ва поён 20 мм ва аз рост 15 мм. Ҳуруф: Times New Roman, Times New Roman Tj (бapoи мақолаҳои ба забони тоҷикӣ), андозаи 14. Ному насаби муаллиф, вазифа, дараҷаи илмӣ  ва унвони илмӣ, номи пурраи ташкилот, баъди ду фосила номи мавзўъ бо ҳарфҳои калон  навишта мешавад. Баъди боз ду фосилаи дигар, матни маърўза оварда мешавад. (Шакли чопии маърўзаҳои илмӣ бо имзои мудири кафедра қабул карда мешавад).

Мақолаҳои илмӣ бояд то 13 апрели соли 2018 ба нишони зерин ирсол гарданд: 735700, Хуҷанд, мкр-ни 17-ум, ДДҲБСТ, бинои таълимии 2 утоқи 429 ё ба воситаи почтаи электронӣ ба нишони Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

 Интихоб ва қабули мақолаҳо ба ўҳдаи кумитаи тадорукот аст.

Забонҳои кории конфронс: тоҷикӣ ва русӣ.

Телефон барои маълумот: 92-793-32-44; 92-847-82-86

Шахсони мутасаддӣ:

Рустамова Манзура Зоҳировна (тел.  92-879-96-17),

Лутфуллоев Мазбутҷон Дадоҷонович (92-862—22-66),

Исмоилов Шӯҳратҷон  Мамараҳимович (тел. 92-793-32-44).

 Кумитаи  тадорукот