ҒОЛИБИЯТ МУБОРАК БОД!

Оммавияти варзиш дар ҷомеаи мо бараъло намудор аст. Ҷавонону наврасон фориғ аз дарсу таҳсилот барои солиму бардам будан бо варзиш машқ мекунанд ва тарзи ҳаёти солимро пешаи худ кардаанд. Намуди варзиши ушу – кунг-фу дар байни варзишгарони тоҷик маҳбубият зиёд пайдо намуда истодааст. Хушбахтона донишҷӯёни донишгоҳи мо низ бо ин намуди варзиш машқу тамрин карда истодаанд.

Аз 14 то 19 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Эмейшан, музофоти Сичуани Ҷумҳурии Мардумии Чинт 8-умин чемпионати ҷаҳон оид ба ушуи анъанавӣ – кунг-фу доир гашт. Дар чорабинии сатҳи ҷаҳонӣ зиёда аз 4000 варзишгарон аз 50 давлат ширкат варзида, мақоми худро ҳимоя намуданд. Ташаббускори мусобиқа Федератсияи байналмилалии ушу ба ҳисоб рафта, ҳама сола мусобиқаи сатҳи ҷаҳониро доир менамояд. Аҳмадов Муҳаммадхоҷа донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси 1-40.01.01-02, факултети инноватсия ва телекоммуникатсияи ДДҲБСТ дар чорабинии мазкур ширкат варзид ва соҳиби ҷои сеюм гардид. Аз ҷониби Федератсияи байналмилалии ушу бо медал ва сертификати ғолибият сарфароз гардонида шуд.

Боиси ифтихор аст, ки сол аз сол сафи чунин донишҷӯёни варзишгар  зиёд шуда истодааст. Ин ҳама аз сиёсати созандаи давлату ҳукумат ва фароҳам овардани шароити мусоид барои машғул шудан бо варзиш аст. Имкониятҳои мавҷуда ҷавонону наврасонро водор месозад, ки дар арсаи ҷаҳонӣ обруву нуфуз ва ливои Ватанамонро боло бардоранд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
http://www.tsulbp.tj/ru/news/70-khabartarbiya/3490-varzishushu2019.html#sigProGalleriaf1c0152815
joomlamodniyportal.ru

http://www.zoofirma.ru/