ВАЗИФАИ ҶОНИИ ЗИЁӢ

Зимни суханронии Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи Дониш қайд карда шуд, ки дар саршавии ҷанги шаҳрвандӣ дар мамлакат гурӯҳи муайяни зиёиён ва олимон низ гунаҳкоранд, ки онҳо бо фаъолияти худ мухолифонро дастгирӣ намуданд.

ДАРСИ СУЛҲИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ИНЪИКОСГАРӢ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ КИШВАР

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рўзи Дониш ва Дарси сулҳ чун анъанаи нек ба тамоми хонандагону донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва олии касбӣ пешниҳод мегардад.

МАОРИФ – ПОЯИ БОЭЪТИМОДИ ҶОМЕА

Мо ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ  дар рӯзи таҷлили Иди Дониш 1- уми сентябри соли 2019 Дарси сулҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо ҳисси баланди ватандорӣ ва меҳанпарастӣ бо як ифтихори баланди шаҳрвандӣ тамошо кардем. Воқеан ба ҳукми анъана даромадани Дарси сулҳ боиштироки Пешвои муаззами миллатамон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун арзиши миллӣ маҳсуб ёфтани сарвари ифтихору фараҳмандии ҳар як шаҳрванди ватани маҳбубамон мебошад.

МАСЪАЛАҲОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ДАР ДАРСИ СУЛҲИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Дарси сулҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар макотибҳои олии касбӣ равона гардида, мо омӯзгорону устодонро водор мекунад, ки дар тамоми зинаҳои таҳсилот, бахусус  дар зинаи таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, на ба шумора, балки ба сифати он диққати ҷиддӣ дода, мутахассисони ҷавобгў ба талаботи замони муосирро тарбия намоем.

СУЛҲУ СУБОТ АСОСИ ПЕШРАФТИ ҶОМЕА

«…мо бояд зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем, яъне дар ғафлат намонем, кишвар ва мардуми худро аз таъсири хатарҳои замони имрӯза эмин нигоҳ дорем…»

Эмомалӣ Раҳмон

ҲИДОЯТГАРИ МУЗАФФАРИЯТҲОИ ИМРӮЗУ ФАРДО

Ба ҳукми анъана даромадааст, ки ҳар сол дарси нахустинро дар муассисаҳои таълимии кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дарси Сулҳ оғоз менамоянд.

СУХАНҲОИ НАҶИБИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Барои мо аҳли кормандони илму маориф ба назари эътибор гирифтани суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба ифтихори Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ  аз он ҷизат эътибори хоса дошт, ки дар фатҳи мулки маънӣ аз нутқи Президенти маҳбубамон баҳраёб шудем: “Мо бояд ба муқобили ҳама гуна зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму экстремизм, радикализми динӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ, хариду фурӯши одамон, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва дигар омилҳои хатарзо, ки ба сулҳу суботи ҷаҳон, аз ҷумла кишвари мо таҳдид менамоянд, мубориза барем”.

СОҲАИ МАОРИФ ДАР МАДДИ АВВАЛ АСТ

«Ҳадафҳои неки созандаву бунёдкорона дар даврони соҳибистиқлолии Ватан аз устодону омӯзгорон, олимону донишмандон ва дар маҷмӯъ, аз тамоми кормандони соҳаҳои илму маориф тақозо доранд, ки пеш аз ҳама, бо донишҳои муосири илмиву техникӣ мусаллаҳ бошанд ва шогирдону таълимгирандагонро ба омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар сафарбар карда, ин қишри фаъоли ҷомеаро дар рӯҳияи баланди худшиносӣ ва худогоҳӣ тарбия намоянд»

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

САРВАТИ БЕБАҲО

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таи сарвари кишвар буданашон ба соҳаи маориф диққати махсус зоҳир менамоянд. Яке аз падидаҳои беҳтарини замони истиқлолият барои соҳаи маорифи кишвар ин аз тарафи сарвари кишвар дар Рўзи дониш гузаронида шудани Дарси сулҳ мебошад. Чун анъана дар ин рўз Пешвои муаззами миллат омўзгорону устодон ва муҳассилини мактабу муассисаҳои олиро бо ин ҷашни азизу муътабар  табрику муборакбод намуда, оид ба муваффақиятҳо ва камбудиҳои соҳаи илму маориф суханронӣ намуданд.

СУХАНРОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ДОНИШ

01.09.2019, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони гиромӣ!

Омӯзгорону донишҷӯён ва хонандагони азиз!

Имрӯз дар саросари кишвар соли нави таҳсил оғоз гардид, ки онро тамоми муассисаҳои таълимӣ бо дарси сулҳ шурӯъ мекунанд.

http://www.zoofirma.ru/