ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОМИЛИ МАҲВИ МАҲАЛГАРОИСТ

http://www.zoofirma.ru/

Ҳангоме, ки намояндагони як миллату як кишвар дар симои якдигар душманро мебинанд, дар нобарориҳои шахсию маҳалии хеш гуноҳи сокини маҳали ғайрро меҷӯянд, дар муассисаҳои давлатӣ ба лаҳҷаи маҳаллӣ  хеш сухан меронаду менависанд,  дар ҳамаи зинаҳои давлатӣ кадрҳо аз рӯйи  як маҳал интихоб карда мешавад, ба ҳама чиз бо дидаи маҳалгароёна назар меафкананд, он кишвар ба ягон пешравӣ ва рушд ноил нахоҳад гашт. 

Қисми дигари ҷомеа дар меҳан худро бегонаву нолозим мепиндорад, дар чунин вазъият танҳо бегонагон пешравӣ хоҳанд кард, онон кадрҳои беҳтарини ҷомеаро, ки ба касофати “маҳалгароӣ” дар меҳани хеш ҷой ёфта натавонистанд бо худ мебаранд, то баҳри шукуфоии кишварашон саҳм бигузоранд. Ҳадафи фардони бо “бемории маҳалгароӣ”заҳролудгашта ба кишвару миллат хизмат накарданд, балки мансабу вазифаро дар дасти қавму аҷдоди  хеш нигох доштан аст.

Нафрати маҳаллӣ дар Интернет бисёр возеҳ ба чашм мерасад, зери хабару мақолаҳо, дашному таҳқирҳои пастаринру қабеҳтаринро нисбати маҳалли ҳамдигар менависанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бисёр вақт гуфтаҳои таҳқиромезу душманона нисбати дигар маҳалҳо пайдо мешавад, ки ин миллатро заиф сохта кишварро ба самти пошхӯрӣ  мебарад. Дар замони гузашта маҳз аз қафои маҳалгароӣ миллати мо ба ҷанги дохилӣ гирифтор шуд. Тоҷик бародари тоҷики худро ба маҳал ҷудо намуд ва дар қиёфаи ӯ душманро медид. Душманон бо дасти ҳаммилатни худамон моро ба ҷангу хунрезӣ равона намуданд. Хушбахтона ваҳдати миллӣ ва борадарӣ дар ҷомеа ғалаб карду замони бародаркушӣ аз байн рафт.

Имрӯз бошад Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон баҳри сулҳу осоиштагӣ, пешравӣ, рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмини амнияти сартосарии ҳар як шаҳрванди мамлакатамон кӯшиш ба харҷ дода истодаанд. Мо тоҷикон набояд фирефтаи суханҳои дуруғини хоинони миллат гардем. Бемории маҳалгароиро аз ҷомеаи худ абадулабад дур созем.

Умарова С.И. – сармуаллимаи кафедраи

иқтисодиёти корхонаҳо ва минтақаи ДДҲБСТ