УМРИ ДУРУҒИ ХОИНОН КӮТОҲ АСТ!

Радиои «Озодӣ» солҳои тўлонӣ аст, ки зидди давлатҳои мустақил, аз ҷумла Тоҷикистон хабарҳои иғвогарона паҳн мекард. Ин минбар ҳанўз солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ фаъолияти иғвоангези худро бар зидди оғоз карда буд. Хоинони армияи Власов, ки ба немисҳо таслим шуда буданд, соҳиби балангўяки радиои «Озодӣ» гаштанд ва беш аз 70 сол аст, ки ин минбар иғвогариашро давом медиҳад.

Имрўз бошад, навбат ба Мирзои Салимпур расидааст. Ин журналисти тоҷик чаро аз зери нохун чирк мекобад, дастовардҳои солҳои охири Тоҷикистонро эътироф намекунад, чаро пешравиҳои имрўзаи мамлакати мо ғаши ўро меорад, вале ногуфта намонад, ки умри дурўғ кўтоҳ аст. Гузашти солҳои навадуми қарни 20, ки мо тоҷикон гумроҳ шуда, нафаҳмидаю надониста бо ҳам ҷангидем, аз паси «лидер»-они сияҳдил рафта кишварро нообод кардем. Тоҷикон фаҳмиданд, ки он вақт ба хато роҳ доданд ва фиреб хўрданд. Имрўз мо ҳанўз аз захмҳои он солҳо шифо наёфтем ва намегузорем, ки бо сафсатаю дурўғ тоҷиконро фиреб дода, ба вартаи ҷанг кашанд.

Агар Салимпур ба касе қасд дошта бошад, онро рўи рост гўяду ҳалли масъаларо ёбад, вале бо ин роҳ як давлатро наҳ задан, мақомотҳои қудратиро танқид кардан нодуруст аст. Набояд фаромўш кард, ки ин мақомотҳо амнияти Тоҷикистонро ҳифз менамоянд ва пояи давлат мебошанд.

Мирзо Салимпур ту ба гузашта нигар, кирдори ҳамкасбонат чанд журналисти дар хориҷа пинҳон шуда, зидди Тоҷикистон овоз баланд кардаро ба ёд ор. Он бо чӣ анҷом ёфт? Онҳо хатояшонро фаҳмиданд ва аз карда даст кашиданд, ба иғвоангезӣ хотима доданд. Ба фикри мо ту ҳам хатоятро фаҳмида, аз паси созандагӣ гузарӣ, ба халқат хизмат кунӣ. Қаҳрамонони даштҳои ташнаро обод кардаро, бинокорони НБО-и Роғун сохтаро васф намоӣ, дар бораи қаҳрамониҳои онҳо асар нависӣ, магар инаш беҳтар нест. Аз хориҷа истода ба Ватани хеш санг партофтан кори мардона нест. Ватанро интихоб намекунанд, онро ба мо Худо додааст ва барои ободиаш бояд заҳмат кашем, ободтару зеботар кунем, на наҳ занем. Набояд фаромўш кард, ки хиёнат ба Ватан ин гуноҳ аст, окибаташ ба хиёнаткор пушаймонӣ меорад.

Мо як гурўх устодони донишгоҳ арз мекунем, ки кирдори ту нодуруст аст ва аз Бадахшон то Зарафшон мардумро бадном кардан хуб нест. Журналист бояд дидаашро нависад, на бофтаашро. Вай воқеаҳои сарзадаро бояд таҳлил кунад ва ҳақиқат инъикос намояд. Фақат чунин нафарон соҳибобрў, соҳибэътибор мешаванд ва ба дили хонанда роҳ меёбанд. Умри дурўғ кўтоҳ аст ва он мегузараду меравад. Мардум ҳоло гумроҳ нест, пучро аз сара фарқ карда метавонад.

Абдуллоева М.Ғ. – сармуаллими

кафедраи иқтисоди ҷаҳонии ДДҲБСТ

http://www.zoofirma.ru/