ИФШОИ ХИЁНАТҲОИ НАВБАТИИ ТЭТ ҲНИ

http://www.zoofirma.ru/

Дар бораи фаъолияти террористиву экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ имрӯзҳо тамоми мардум бохабаранд ва бо боварии комил бояд гуфт, ки хиёнату хиёнаткорӣ дар таърих ҳеҷ гоҳ бахшида нашудааст ва бахшида намешавад.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ аксарияти аъзоёну роҳбарияти ТЭТ ҲНИ дар рӯйхати ҷустуҷуи байналмиллалӣ қарор дод. Онҳо медонанд, ки ҷиноятпеша ҳастанд аз хориҷ кӯшишҳои бенатиҷаи худро  идома дода истодаанд. Ин турфа инсонҳо кӯшиш доранд бо ҳар найрангу фиреб сафи худро тақвият бахшанд. Наҳзатиён кӯшиш доранд, ки тавассути эътилофи нерӯҳои мухолиф сафи худро зиёд гардонанд. Дастпарварони ТЭТ ҲНИ бо хоҷагони хориҷии хеш аз маблағҳои муфт истифода карда, амалҳои бисёр нангин  анҷом доданд.

Имрӯз низ Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш зери қаноти хоҷагонаш  паноҳ гирифта  номи миллати тоҷикро паст зада истодаанд. Вале бо боварии комил бояд гуфт, ки амали онҳо поён меёбад. Онҳо ба ҷуз аз дурӯғу бӯҳтон дигар кореро анҷом дода наметавонанд. Ягон одами солимақл ба наҳзатиҳо бовар нахоҳад кард ва ба иттиҳоди зиддимиллию ифротии онҳо, ки вобастаи нерӯҳои бадхоҳи хориҷист ва танҳо ба харобкорию сӯзандагӣ  қодир мебошад муборизаи қатъӣ хоҳанд бурд.

Ҳадафи наҳзатиҳо ва мухолифини тоҷик танҳо бадаст овардани ҳокимият буда мардуми шарифи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо  ҳамчун душманони миллат ҷавоби қотеъона гардонида, хиёнату ҷинояти онҳоро фош созанд.

Имрӯз ба ҳамагон мусаллам аст, ки ТЭТ ҲНИ  ҳизби ифротӣ аст. Ҳамарӯза хиёнату ифротии наҳзат  ва хоҷагони хориҷии онҳо  нисбати Тоҷикистон ифшо гардида, дастпарварони ҳизб мазҳаби бегонаро қабул кардаанд. Онҳо мазҳаби худро фурӯхта ғуломи мазҳаби бегона шуданд.

Бар зидди ингуна ашхос ва хиёнаткорони миллат имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон муборизаи қатъӣ мебаранд ва мо изҳор медорем, ки хиёнаткору хиёнатпеша  ҳеҷ гоҳ ба мақсадҳои ғаразноку нопоки худ намерасанд.

Азимова Н.С. – н.и.п., дотсент,

мудири кафедраи фанҳои риёзӣ –

табиатшиносии муосири ДДҲБСТ