ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК НИСБАТИ САФСАТАБОЗИҲОИ САЛИМПУЛ

Чанде қабл дар яке аз сомонаҳои иттилоотӣ оид ба фаъолияти хабарнигор Мирзои Салимпур шиносоӣ пайдо намудем. Лозим ба қайд аст, ки номбурда тавассути ҳар гуна хабарҳои бардурўғ ба обрўву эътибори мардуми тоҷики иснод оварда дар сомонаи ифротиаш бар имиҷи давлат ва обӯи мардум иснод оварда истодааст. Бешубҳа ў миёни хабарнигорон чун «изҳоротпарокан» машҳур будааст. Бар замми ин ў дону нодон лақаббофӣ мекунад ва дурӯғ мегӯяд.

Шахс дар ҳайрат мемонад, ки хабарнигоре, ки тарки ватан кардааст, ғайр аз фитнаву найранг аз ўҳдаи ягон кор намебарояд, ки ин исбот аз рафтори ў бармеояд. Ҳақ бар чониби гуфтаҳост, ки ў соҳиби фабрикаи фитнаву найранг ё хуҷаини фабрикаи фурўши нангу номуси миллат асту халос.

Бинобарин мегўем, ки Тоҷикистон аз лаҳзаи соҳиби давлату Ватан шуданаш то имрўз гул гул шукуфон аст. Ва умед аз Парвардигору роҳбарияти имрўзинаи давлат дорем, ки оянда аз ин ҳам беҳтар хоҳад шуд. Пас мо ба ин гуна «одамон» иброз дорем, ки ба ҷои гапҳои бенамаку бемазмун камар баҳри ободии Ватан бояд баст. Одатан он хабарнигороне, ки дар хориҷа ҳастанд кўшиш бар он доранд, ки баҳри халқу миллати хеш  хизмат намоянд. Аммо сад афсўс, ки шумораи ин гуна ба ном «хабарнигорон» зиёд шудааст. Аммо ҳеҷ боке нест. Ба ҳар як кор вақту соати лозимааш мерасад.

Аҳли устодони кафедраи

таърихи халқи тоҷики ДДҲБСТ

http://www.zoofirma.ru/