ЗИРАК БОШЕМ!

http://www.zoofirma.ru/

Дар замони муосир истифода аз техника ва технологияи нав, бахусус воситаҳои иртиботӣ – телефону компютер ва тавассути онҳо барқарор кардани иртибот, алоқа бо паёмак – хаттӣ ва овозӣ, инчунин алоқаи онлайнӣ таваҷҷуҳи аҳли ҷомеаро бештар гардонида, дар мадди аввал ҷавонону наврасон аз он истифода мекунанд.

Зиндагии имрӯзро бе истифодаи падидаи навтарин, аз ҷумла пайваст шудан ба шабакаи интернет, тасаввур кардан мушкил аст. Телефонҳои мобилӣ имконияти мулоқот намудан бо наздикону пайвандон ва дӯстонро хоҳанд дод. Агар бо тамоси наздикон ва пайвандонамон мо аз иттилооти аҳамияташ ба як доираи маҳдуд огоҳ гардем, бо пайваст шудан ба шабакаи ҷаҳонии интернет аз воқеаю ҳодисаҳо, навгониҳои илмӣ- техникӣ, вазъи сиёсию иқтисодии кишвар ва ҷаҳон маълумоти муҳими дорои аҳамияти давлатию байналмилалидошта воқиф мешавем.

Аммо дар шароити кунунӣ аз ҷониби шахсони ҷиноятпеша ва гуруҳҳои ифротӣ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ҷавонону наврасон ва шаҳрвандони моро ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ҳамроҳ намуда истодаанд. Маҳз доираи васеъ доштани шабакаҳои иҷтимоӣ ба хусус “Фейсбук” ва “Ютуб” имконият медиҳад, ки ин ё он навору сабтҳои худро доираҳои муайян ба маърази тамошо гузоранд ва мардумро бо иттилоотӣ сохтаву бофтаи худ гумроҳ созанд. Аксари нафароне, ки ба созмонҳои ифротӣ ба мисоли “ДИИШ”, “Ансоруллоҳ”, “Толибон” ва “ТЭТ ҲНИ” маҳз ба воситаи тарғиботи идеологии онҳо тариқи интернет шомили ин гуруҳ мегарданд.

Маҳз аз ҳамин ҷиҳат, аз интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ танҳо ба роҳи рост, созанда ва самаранок истифода барем. Ҷавонону наврасонро зери назорати доимии худ қарор дода, ба онҳо оиди мақсади сиёҳи гуруҳҳои ҷиноятпешае, ки зери ниқоби дину мазҳаб ва озодиву демократия сухан мекунанд воқиф намеом.

Ҷӯраев Ф. – н.и.и., дотсенти кафедраи

иқтисодиёт корхонаҳо ва минтақаи ДДҲБСТ