Гиромидошти  шахсиятҳое, ки сарнавиштсози миллат ҳастанд, яъне таҷлили Рўзи омўзгорон ҳамасола  якшанбеи аввали моҳи октябр қайд карда мешавад.  Ин ҷашн иди онҳоест, ки тамоми талошҳои пайгиронаашонро ба кори наҷибу пуршараф – тарбияи наслҳои ояндасози халқу миллат  бахшида, дар ин ҷода ба дастовардҳои назаррас соҳиб шудаанд.  Таҷлили Рӯзи омӯзгорон – ин нишони садоқат ва арҷгузорӣ ба заҳмати шахсиятҳоест, ки дар ҷомеаи инсонӣ ҳамчун равшангару сайқалдиҳандаи қалбу ҷонҳо, қулфкушои махзани илм, раҳнамои фатҳи қуллаҳои пурсаодати зиндагии башарият шинохта шудаанд.

Табрикоти

ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор

ШАРИФЗОДА М.М. ба муносибати

Рўзи Модар

Модарону хоҳарони азиз!

Бонувони гиромиқадри маъвои маърифати мо!

Шумоён ва дар шахси Шумо ҷумлаи занони кишвари азизамонро ба шарафи иди фархунда- Рўзи Модар бо камоли меҳру муҳаббат ва самимияти афзун муборакбод намуда, барои ҳамагон баофиятӣ, саломатӣ, хотири ҷамъу дили беғам таманно менамоям ва доимо хоҳони он ҳастам, ки тамоми хушиҳои рўзгор насибатон бошад.

Мардуми  сарбаланду саодатманди  кишвари азизамон накҳати гуворо ва садои таппиши набзи соли нави 2018-умро баръало эҳсос менамоянд. Фаро расидани боз як мавсими дигари рўзгори босаодат ҳамзамон гувоҳӣ аз он медиҳад, ки соли пурбароре сипарӣ гардида, аз хештан таассуротҳои  зиёде боқӣ мегузорад.

Табрикоти

ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон , доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор ШАРИФЗОДА Мумин Машокир ба шарафи Рўзи Парчами миллӣ

Мо имсол Рўзи Парчами давлатиамонро дар вазъияте истиқбол менамоем, ки мардуми сарбаланди кишвари азизамон ҳанўз  оғўштаи лаззати гуворои тантанаҳои хурсандибахши ҷашни бузурги миллӣ- 25-солагии Иҷлосияи XVI қарор доранд ва хеле шоду сарфароз ҳастанд.

Табрикоти ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба муносибати 25-солагии Иҷлосияи ХУ1 Шўрои Олии Тоҷикистон 

Иҷлосияи ХУ1 Шӯрои Олии Тоҷикистон дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд ба давраи заррине ибтидо ниҳод, ки ба шарофати он, ба ибораи хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “ҳаёту мамоти халқу кишвар”, хушбахтона, ба манфиати ҳаёт ва бар алайҳи мамот ҳал гардид.

ТАБРИКОТИ

ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор ШАРИФЗОДА Мумин Машокир ба муносибати Рўзи омўзгор

 Якшанбеи нахустини моҳи октябрро сокинони кишварамон ба он хотир гиромӣ медоранд, ки дар ин рўз иди касбии муътабартарин қишри ҷомеа – омўзгорон дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад.

http://www.zoofirma.ru/