ФАЪОЛИЯТИ ПУРСАМАР ДАР ДАВРАИ ҲИСОБОТӢ

Шурӯъ аз санаи 15 сентябри соли 2011 мутобиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми вазорату идораҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикиситон  соле ду маротиба нишастҳои матбуотӣ доир карда мешаванд.

ВАҲДАТ – САРЧАШМАИ ИМРӮЗУ ФАРДОИ НЕКИ ҶОМЕА

27-уми июни соли 1997 дар таърихи навини давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон  яке аз санаҳои муборак ва тақдирсоз- рӯзи баҳамоиву оштӣ ва эълони иттиҳоди ҷовидонаи миллати куҳанбунёди тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст ва мардуми шарифи тоҷик  ҳар  сол  фарорасии онро бо ифтихору  шодӣ ва шукӯҳу ҷалоли хосса ҷашн мегирад.

      Ба ифтихори 22-юмин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ имрӯз, сани 25 июн дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикстон конференсияи илмию амалӣ таҳти унвони “Ваҳдат – сарчашмаи имрӯзу фардои неки ҷомеа” баргузор гардид. Ҳамоишро сарвари донишгоҳ профессор Муъмин Шарифзода ифтитоҳ намуда афзуд, ки воқеан, иттиҳоди миллӣ неъмати бузург ва муқаддасе мебошад, ки тамоми пешрафту комёбиҳо ва саодати рӯзгори мардум аз он ибтидо мегирад. Бе шубҳа, тамоми дастовардҳои назаррас, аз ҷумла аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаштани 3 ихтисоси донишгоҳ маҳз аз самараи Ваҳдати миллӣ мебошад.  

Сипас, мудири шуъбаи рушти иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонӣ табрикоти раиси вилояти Суғдро ба самъи ҳозирин расонид. Аъзои Шӯрои вилоятии Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Абдуҳаким Шарипов дар мавзӯи “Ваҳдат-ормони миллат” шунида шуд. Ӯ қайд кард,  мо бояд шукрона кунем, ки ба чунин рӯзгори орому осуда ва сулҳу ваҳдати комил расидаем ва ҳоло таҷрибаи нодири сулҳи тоҷиконро созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва давлатҳои дунё меомӯзанд.

Дар идомаи конференсия маърӯзаҳои устодони донишгоҳ Мунзифа Пӯлотова “Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу ваҳдат ва осоиштагии Тоҷикистон”, Абдуҷаббор Раҳматуллоев таҳти унвони “Ваҳдати миллӣ дар ҳифзи истиқлолияти Тоҷикистон”, Мутрибахон Баҳодурзода “Ваҳдати миллӣ-таҳкурсии ҳаёти осоиштаи мардум”, маърӯзаи Фарҳодҷон Раҳмонов дар мавзӯи “Ваҳдат- омили рушди иқтисодиёт” ва Мирниёзов Абдухолиқ дар мавриди “Ваҳдат дар осори бузургон” шунида шуд.

Зимни  маърӯзаҳо изҳор гардид, ки  Ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик бозёфти арзишмандтарин мебошад, зеро он барои амалӣ гардидани ормонҳои халқамон, ки бо қалби пур аз умед интизори сулҳу оромӣ ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ буданд, заминаи воқеӣ гузошт. Бинобар ин, ваҳдати миллиро бешубҳа метавон ҳамчун самараи талошҳои хурду бузурги Ватани азизамон маънидод кард ва маҳз ба ҳамин хотир, ҳар яки мо вазифадорем, ки онро мисли гавҳараки чашм ҳифзу нигоҳдорӣ намоем.

Дар қисмати дуввуми чорабинӣ ба устодону кормандонни донишгоҳ, ки  давоми соли таҳҳсили 2018-2019 дар самтҳои мухталиф фаъолияти назаррас доштанд, бо туҳфаву ифтихорномаҳои Раёсати донишгоҳ қадршиносӣ шуданд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
http://www.tsulbp.tj/tj/news.html#sigProGalleriafef23c0de4
joomlamodniyportal.ru

МУБОРИЗАИ ДАСТАҶАМЪОНА БО ПАДИДАҲОИ НОМАТЛУБ

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои донишгоҳӣ ҷиҳати татбиқи нишондодҳои Стратегияи муқовимат ба коррупсия барои солҳои 2013-2020, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013 тасдиқ карда шудааст, дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон чорабинӣ доир гардид. Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва устодону донишҷӯён ширкат варзиданд.

НИШАСТИ МАТБУОТӢ ОИД БА НАТИҶАҲОИ ҶАМЪБАСТИ СОЛИ 2018

Имрўз дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар асоси нақшаи тасдиқнамудаи Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24.12.2018 ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз 8.01.2019, мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП-1729 нишасти матбуотии ректори донишгоҳ бо намояндагони васоити ахбори омма оид ба ҷамъбасти соли 2018 баргузор гардид.

Молодежный форум в Москве!!! (полная оплата расходов)

Некоммерческое партнерство «Политологический центр «Север-Юг» в сотрудничестве с Пресс-клубом «Содружество» и Информационно-аналитическим Центром по изучению общественно-политических процессов на постсоветском пространстве объявляет об открытии в рамках межгосударственного проекта «Молодежь Евразии: будущее строим вместе!» конкурса презентаций социально значимых молодежных проектов.  

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАСТУР ВА РОҲНАМО БАРОИ РУШДИ ОЯНДАИ ДАВЛАТ АСТ

Имрӯзҳо сокинони гуногункасби вилояти Суғд Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакатро бо рӯҳияи баланди ифтихор аз ватандориву соҳибистиқлолӣ қабул намуда, онро чун барномаи мушаххаси рушди минбаъдаи иқтисодиёту иҷтимоиёт ва рафъи камбудиҳои кулли соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ арзёбӣ намуда, самтҳои асосии онро сармашқи кори худ қарор медиҳанд. Доктори илмҳои таърих, профессор, муовини ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба илм ва инноватсия Нӯъмон Ғаффоров бардошти  худро аз Паёми Сарвари давлат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» чунин баён дошт:

ШИНОСОИИ ДОНИШҶӮЁН АЗ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ СУҒД

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар баромаду суханрониҳояшон таъкид менамоянд, ки барои рақобатпазир тарбия намудани мутахассисон аз ҳама шароиту имкониятҳо бояд истифода бурд.

МУҲИБА ҶАББОРОВА ДОНИШҶӮИ СОЛИ ВИЛОЯТ ШУД

 

Давоми моҳи ноябр агар дар саҳифаи комёбиҳои Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон исми донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносӣ Оростамоҳ  Қодирзода , ки ғолиби озмуни вилоятии “Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ-2018” сабт гардида, боиси хушҳолии ҷомеаи меҳнатии раёсати донишгоҳ гардида бошад, дар моҳи декабр муваффақияти дигари донишҷӯи факултети молияи донишгоҳ Муҳиба Ҷабборова боиси рӯҳбаландии ҷомеаи меҳнатии  кормандон ва устодону донишҷӯёни ин муассисаи олӣ гардид. Зеро дар ин моҳ Муҳиба Ҷабборова дар озмуни вилоятии “Донишҷӯи сол” байни донишҷӯёни  муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилояти Суғд сазовори ҷои аввал ва ба унвони фахрии Донишҷӯи соли 2018 дар вилоят дониста шуд.

БИОМӮЗЕМ ТО БИОМӮЗОНЕМ

Ҳамасола бо мақсади дар амал тадбиқ намудани донишҳои назариявӣ як қисми донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон вобаста ба ихтисос барои таҷрибаомӯзӣ ба муассисаҳои мухталиф сафарбар мегарданд. Имрӯзҳо донишҷӯёни дар бахши ғоибона таҳсилгиранда ба таҷрибаомӯзӣ машғуланд. Дар доираи лоиҳаи “Биомӯзем, то биомӯзонем” дар муассисаҳои таълимиву бонкӣ “Рӯзи донишҷӯ-таҷрибаомӯз” гузаронида шуд. Дар ин чорабиниҳо мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавони донишгоҳ Муҳаббат Маҷидзода ҳамроҳи устодони кафедраҳо дар муассисаҳое, ки донишҷӯён ба таҷрибаомӯзӣ машғуланд мулоқоту вохурӣ ташкил намуд.

ҲАР ШАХС ҲУҚУҚ БА ЗИНДАГИИ ШОИСТА ДОРАД

Эъломияи умумии ҳуқуқи башар  паҳншудатарин санадест, ки  тибқи маълумот  бо беш аз 300 забон  тарҷума карда шудааст.  Он аз пешгуфтор ва 30 модда иборат мебошад. Бахшида ба 70 солагии қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, ки қамасола 10 декабр қайд карда мешавад бо ибтикори Шӯрои олимони ҷавони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони “Ҳар шахс ҳуқуқ ба зиндагии шоиста дорад”  баргузор гардид.

http://www.zoofirma.ru/