Муаррифии ректори нави Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати роҳбарикунандаи макотиби олии мамлакат  санаи 15-уми марти солиравон тағйироти кадрӣ намуданд.

Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2017,  таҳти №129  Шарифзода Мумин Машокир  ба вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсатии Тоҷикистон таъин гардид.

Дар маҷлисгоҳи  бинои таълимии донишгоҳ бо иштироки муовини аввали вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматулло Мирбобоев,  муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ  ва ҳайати профессорону устодони донишгоҳ муаррифии ректори навтаъини ин муассисаи олӣ ҷараён гирифт.

Нахуст Раҳматулло Мирбобоев, муовини аввали вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳозиринро бо қарорҳои Ҳукумати кишвар шинос намуда, оид ба фаъолияти густурдаи  профессор Ҷўразода Ҷамшед Ҳабибулло, ки то ин дам ба ҳайси ректори ДДҲБСТ фаъолият дошт, сухан намуд ва афзуд, ки ин роҳбари олиму кордон, ташкилотчӣ ва меҳнатдўст  дар рушди таҳсилот ва  тарбияи ҷавонон дар донишгоҳ хизматҳои шоиста намудааст. Мавсуф зикр кард, ки  Ҷамшед Ҷўразода дар замони роҳбарӣ мақому эътибори донишгоҳро баланд бардошта, дар ин маъвои маърифат  фаъолияти густурдаро ба роҳ монд ва дар рушду ташаккули он ҳиссаи босазо гузошт.

Сипас,  Раҳматулло Мирбобоев  доир ба фаъолияти пурсамару содиқонаи Шарифзода  Мумин  Машокир ҳарф зад. Ў зикр намуд, ки М. Шарифзода то ин дам ба вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон фаъолият мебурд ва  тавонист дар давраи фаъолияташ донишгоҳро ба яке аз марказҳои илмию таълимии бонуфузи ҷумҳурӣ табдил диҳад,  базаи моддию техникӣ  ва иқтидори кадрии донишгоҳро пурқувват намояд.

 Дар ин давра барои ворид шудан ба фазои ҷаҳонии таҳсилот қадамҳои устувор гузошт. Дар баробари ин,  дар натиҷаи меҳнати содиқонаи М.Шарифзода донишгоҳ сазовори Ҷоизаи байналмилалии "Сифати Аврупоӣ" ва "Муассисаи беҳтарини Аврупо" гардид.

Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло дар назди ҳозирин ба сухан баромада,  барои эътимоду боварӣ  ва таъин намудан ба вазифаи пурмасъулият  ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва барои дастгириву меҳнати софдилона ба кулли ҳамкорон миннатдории хешро   баён намуд.

Муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ зимни муаррифии  Шарифзода Мумин Машокир аз фаъолияти пурмаҳсули ин олим  ёдовар шуд. Аз  ҷумла, зикр намуд, ки Шарифзода Мумин Машокир соли 1965 таваллуд шудааст.  Соли 1991 Донишкадаи савдои советии кооперативии шаҳри Новосибирскро бо  ихтисоси молшиносӣ  ва ташкили савдои молҳои хўрокворӣ, иқтисодчӣ хатм кардааст.

Шарифзода Мумин Машокир тайи солҳои 1982 - 1983 ба ҳайси коргари совхози Съезди ХУ- уми КПСС ноҳияи Ашт фаъолият бурдааст. Давоми солҳои 1983—1985 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Шўравӣ хизмат кардааст. Солҳои 1985-1987 донишҷўи Техникуми кооперативии шаҳри  Ленинобод; солҳои 1987-1991 донишҷўи Донишкадаи советии савдои кооперативии шаҳри Новосибирск; солҳои  1991- 1994 аспиранти академияи кооперативии матлуботи Сибир; солҳои 1994-1997 директори  ҶММ «Шарбат»-и шаҳри Новосибирск буд.

Солҳои 1997-1998 ба вазифаҳои дотсенти кафедраи маркетинги ДДҲБСТ,  солҳои 1998-2005 мудири кафедраи тиҷорат ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, солҳои 2005-2008 ҷонишини директори ДДТТ шаҳри Хуҷанд фаъолият бурдааст.

Аз соли  2008 то имрўз ба ҳайси ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ифои вазифа намудааст.

Профессор Шарифзода Мумин Машокир барои хизматҳои шоён бо медали «Хизматҳои шоиста» сарфароз гардонида шудааст.

Пас аз муаррифӣ ректори навтаъин Шарифзода Мумин Машокир ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нисбати боварӣ  ва  таъин намудан  ба вазифаи пурмасъул, дастгирии ВМ ИҶТ ва раиси вилояти Суғд миннатдории хешро изҳор намуд. Ў таъкид дошт, ки дар партави  эътимоду боварӣ таъин шудан ба вазифаи пурмасъул, дар ифои вазифа тамоми малакаи хешро ба тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандўстию хештаншиносӣ, кадрҳои баландихтисос равона хоҳам кард. Ҷиҳати  таъмини иҷрои дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои неки Сарвари давлат кўшиш ба харҷ дода, барои гул-гул шукуфоии кишвар хизмат менамоям.

Дар охир, дотсент Нурулло Ғиёсов аз дастовардҳои донишгоҳ   марбут ба самтҳои таълим, тарбия ва илм, ки дар натиҷаи фаъолияти пурсамари Ҷамшед Ҷўразода ба даст омаданд, ибрози андеша намуд.

Сониян, аз номи  ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ Шарифзода Мумин Машокир ва Ҷўразода Ҷамшед Ҳабибуллоро барои таъин шуданашон ба вазифаи сарвари донишгоҳҳои бонуфузи кишвар табрик намуда, ба онҳо дар ҷодаи фаъолияти минбаъдаашон барору комёбиҳо таманно намуд.

 Шӯъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи донишгоҳ

  

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
http://www.tsulbp.tj/tj/news/668-muarrifii-rektori-navi-donishgo-i-davlatii-u-u-biznes-va-sijosati-to-ikiston.html#sigProGalleriab127fc6a82
joomlamodniyportal.ru  

http://www.zoofirma.ru/