ОҒОЗИ КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВИИ «РОБИТАҲОИ КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ: ҲОЛАТ ВА ДУРНАМО» ДАР ДДҲБСТ

Таҳти роҳбарӣ ва  сиёсати хирадмандони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон робитаҳои дўстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи кишварамон  бо  минтақаи Осиёи Марказӣ густариш ва таҳким меёбад, ки  ин иқдом ба  иҷрои ҳадафу вазифаҳо, ҳамчунин, рафъи мушкилоти муштарак равона гардидааст. Конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявии «Робитаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ:  ҳолат ва дурнамо», ки санаҳои 30-31 майи соли 2019 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба нақша гирифта шуда буд,  ба хотири амалӣ намудани сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти густариши ҳамкориҳо бо минтақаи Осиёи Марказӣ оғоз гардид.

Дар кори ҳамоиш намояндагони МИҲД-и вилояти Суғд, ташкилотҳои байналмилалӣ, коршиносон, олимон, кормандони муассисаҳои  илмӣ ва таълимии кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, Ӯзбекистон,  Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Федератсияи Русия, консули генералии Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Қазоқистон дар шаҳри Хуҷанд   иштирок доштанд. 

Консули генералии Федератсияи Русия дар шаҳри Хуҷанд Андрей Варламов, роҳбари Маркази илм ва фарҳанги Русия дар шаҳри Хуҷанд Иван Сергеевич, намояндаи вилояти Оши Қирғизистон дар вилояти Суғд Аскаралӣ Мирахмедов, консули генералии Қазоқистон дар шаҳри Хуҷанд Малик Адилхан, директори Институти муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи федералии Қазон Рамил Хайрутдинов, профессори кафедраи экспертизаи иқтисодӣ ва мониторинги молиявии Донишгоҳи технологии Русия Манон Хусаинов, муовинони ректори ДДҲБСТ оид ба робитаҳои байналмилалӣ Даврон Бобоҷонов,  оид ба илм ва инноватсия Турақул Ризоқулов маърўза намуданд. 

   Мазмуну мўҳтавои  суханрониву гузоришоти илмиро ҳамкориҳои байналмилалии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар рушд ва такомули қонунгузории миллӣ, дар мубориза бо терроризму экстремизм ва таъмини амнияти минтақа, нақши давлатҳои Осиёи Марказӣ дар ҳалли муаммоҳои ҷаҳони муосир, самтҳои асосии робитаҳои иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор  фарогир буд.

 Шуъбаи таҳлил вар обита бо ҷомеа

joomlamodniyportal.ru

http://www.zoofirma.ru/